03 07 2019

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 равишҳои ноҳамвору бесубот кишварро рӯз ба рӯз ба самти норавшану гирдоби ноором наздиктар менамуд. Вазъият то ҷое расид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуда, бар асари он беш аз 150 ҳазор нафар қурбон ва наздик ба як миллион нафар гуреза шуданд. 
Вазъият ба майдон омадани пешвои сиёсиеро талаб мекард, ки бояд муҳимтарин сифатҳоро доро бошад ва ниёзи мардумро хуб дарк намуда, аз рӯи манфиату арзишҳои умумимиллӣ амал намояд, ба маҳдудият ва маҳалгароӣ роҳ надода, ҷаҳонбинии васеъ, дурандешии сиёсӣ ва иродаи қавӣ дошта, дар амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ собитқадам бошад.
Вакилони мардумӣ ин сифатҳоро дар симои Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд ва моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсияти барҷастаро Раиси Шӯрои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд. Пешвои миллат дар давроне ба ҳайси Роҳбари сиёсӣ фаъолиятро оғоз карданд, ки Тоҷикистон бо нооромиҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд.

Дар чунин лаҳзаи тақдирсоз ба эътидол овардани вазъ кори басо мураккаб буд. Масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ Сарвари давлатро ба интихоби тарзу усули ғайримуқаррарии фаъолият ва ҷасурона водор кард. Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиши беандоза ба харҷ доданд. Тавре маълум, вазифаи нахустин хомӯш намудани оташи ҷанг ва аз муқовимати мусаллаҳона ба гуфтушуниди натиҷабахш оғоз кардан муқаррар гардид. Дуюм, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ бояд ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон баргардонда мешуданд. Ҳамзамон, масъалаи таъмини қонуният ва таъмини мардум бо маводи озуқа чораҳои таъҷилӣ андешида шуда, бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили Тоҷикистон ҷалб карда мешуд.
Аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуда, тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба Ватан равона намуданд. Бо ин мақсад солҳои 1994 – 1997 ҳашт даври гуфтушунид байни тоҷикон, аз ҷумла: дар шаҳри Москва (даври 1 ва 7), дар шаҳри Теҳрон (даври 2, 6 ва 8), дар шаҳри Исломобод (даври 3), дар Алмаато (даври 4) ва дар Ашқобод (даври 5) гузаронда шуда, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Фаъолияти минбаъдаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳадафу вазифаҳои дарпешгузошта, пурра иҷро гардида, дар роҳи ба даст овардан ва мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, барқароркунии низоми сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ корҳои судманд анҷом ёфтанд.
Дар раванди фаъолияти сарвариашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тадбирҳои боварибахшу ташаббусҳои ҷаҳониеро анҷом доданд, ки дар иртибот ба онҳо эътибори байналмилалии Тоҷикистони азиз таҳким ёфт. Ин буд, ки мардуми шарафманди тоҷик ба Сарвари хеш унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро сазовор донистанд.
Ҳоло раванди ташаккулёбии мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои шаҳрвандони кишвар, балки барои тамоми тоҷикони дунё мактаби навест, ки дар сарҷамъ намудани тоҷикон, рушду инкишоф, муаррифии тоҷику тоҷикистониён ва кишвари азизамон нақши муҳим дорад.  
Пешвои миллат дар раванди барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ борҳо даъват ба амал оварда, изҳор доштанд: «То он даме, ки мо сулҳ ва оромиро дар хонаи худ барқарор накунем, то он даме, ки яроқҳоро нагузорем ва ба меҳнати созандагӣ оғоз набахшем, ҳеҷ як қувва аз берун наметавонад, ки вазъияти моро беҳтар намояд. Биёед гунаҳкорнамоии тарафайнро хотима бахшем, тамоми ҷиҳатҳои манфии  гузаштаро фаромӯш созем, яроқҳоро гузорем, ҳамчун бародар дасти якдигар гирем ва ба меҳнати созандаи осоишта оғоз намоем».
Дарвоқеъ, Президенти кишвар тамоми қувваи худро ба қатъ намудани мухолифати шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳ равона намуда, сатҳи баланди эътироф ва эҳтироми аҳолиро сазовор ва Сарвари сиёсии умумимиллӣ гардиданд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки барои рушду ояндаи давлату миллати худ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои наслҳои минбаъда аз ин неъматҳои пурарзиш истифода намуда, бо ҳамдигар дасти ба даст дар атрофи Пешвои худ муттаҳид бошем ва сулҳу озодии Тоҷикистони азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
мутахассиси пешбари бахши ёрдамчии 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, 
унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии 
Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи 
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон