Связи с общественностью

ГУЗАШТИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 25-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

07 09 2020

3 сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.
Баъди иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби афсарону сарбозон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти ҳарбӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳамаи комёбиву дастовардҳои беназири давлати соҳибистиқлол, рушду камоли артиш ва доир ба пуриқтидор гардидани Гвардияи миллӣ суханронӣ карданд.

муфассал

 

ШИКОРИ КӮҲӢ: САЙЁҲИЕ, КИ РУШД МЕХОҲАД

07 09 2020

Тоҷикистон чун макони зисти гӯсфандони кӯҳии Марко Поло (архарҳо) шинохта шуда, барои рушди сайёҳии шикор мувофиқ арзёбӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар ҳудудҳои табиии ҳифзшавандаи мамлакат навъҳои гуногун ва нодири ҳайвонот мавҷуданд, ки ҳазорҳо дӯстдорони шикорро ҷалб менамоянд.

Ҳифз ва популятсияи гӯсфанди Марко Поло, бузи пармашох, гавазни кӯҳии бухороӣ, хирси бӯр ва дигар намуди ҳайвоноти нодир имкон медиҳанд, ки дар ҷумҳурии мо шикори ин навъи ҳайвонот ба роҳ монда шавад. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар саршумори архарҳои помирӣ то 9 ҳазору 592 сар афзудааст. Саршумори бузҳои пармашох то 711 сар, гавазнҳои кӯҳии бухороӣ  408 ва палангҳои барфӣ 156  сар зиёд шудааст.
Бояд гуфт, ки шикор яке аз навъҳои сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ мешавад. Барои шикори ҳайвонот, тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола квота ҷудо мегардад. Мутобиқи иттилои кумита, барои ташкили шикор дар давраи солҳои 2020-2021 барои шикори 140 сар ҳайвони ваҳшӣ, аз ҷумла бузи пармашох – 12, гавазни кӯҳии бухороӣ – 11, гӯсфанди Марко Поло - 105 ва хирси бӯр 12 квота ҷудо шудааст.

муфассал

 

ҲХДТ НОМЗАДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ПЕШБАРӢ НАМУД

07 09 2020

3 сентябр   дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ, фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор сохтору идораҳо, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.
Раиси дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар анҷуман аз тарафи вакил Зубайда Шарипова, директори мактаб - интернати № 3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе, номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи  вакилони анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, собиқадори ҳизб, Абдумубин Абдушукуров, директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко” - и шаҳри Хуҷанд, Гулбарг Боқиева, роҳбари маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Муъминобод, Гулнора Тайғунова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Саидбек Мирзомиддинов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва дигарон (тариқи онлайн) изҳори назар карда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

муфассал

 

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин аз чӣ маншаъ гирифтааст?

 

07 09 2020

Дин ва масъалаҳои марбут ба он, бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, ҳамеша таваҷҷуҳбарангез буда, мунтазам дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳарчанд баъзе аз ташкилотҳои мазҳакаофар бо сафсатапароканӣ дар мавриди озодиҳои динӣ «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд, вале баланд будани сатҳи диндории сокинони кишвар далели бебаҳс аст.

Ин андешаи инфиродии банда набуда, натиҷаи пажӯҳиши нашрияи британии «The Telegraph», ки тибқи он, сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин — 85 фоиз арзёбӣ гардид, мебошад.
Дар ин самт иқдомоти зиёд амалӣ шуданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангӣ, аз ҷумла, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон шаҳодати гуфтаи болост. Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва ғайра.

муфассал

 

ХОВАЛИНГ – САЙРГОҲИ САЙЁҲОН

07 09 2020

 

Ховалинг гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзару бостонии сарзамини тоҷикон буда, дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ, дар саргаҳи вилояти Хатлон воқеъ аст. Масофа аз шаҳри Душанбе то Ховалинг 280 километрро ташкил медиҳад. Ҳудуди ноҳия яке аз қадимтарин гӯшаҳои Осиёи Марказӣ буда, тибқи тадқиқоти бостоншиносӣ таърихи бештар аз миллионсола дорад.
Ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва табииро маҳфуз дошта, сарзамини адабу фарҳангсоз ва осорхонаи таъриху табиат дар ҳавои кушод маҳсуб меёбад. Қаламрав дар қарнҳои пеш бо номи Мунк ёд мешуд. Маркази воҳа шаҳри калонтарини Хатлонзамин - Мунк буд. Ин шаҳр дар таҳдашти Ховалинги имрӯза доман густурда, мавзеи калонеро дар бар мегирад ва имрӯз таҳҷои регистону шаҳристонаш дар ҳудуди деҳаҳои Хонақо ва шаҳри Мунк воқеъ мебошад. Ободии шаҳри Мунк асрҳои IX – XII – ро дар бар гирифта, ёдгориҳои он аз асрҳои I – IV – и пеш аз мелод ва аз ин ҳам пешро башорат медиҳанд. Номи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ дар асрҳои XVI – XVII вомехӯрад.
Шаҳраки Ховалинг гӯшаи зебоманзару чашмасори Мунки куҳан буда, дар қисми офтоббарои он ҷойгир аст. Дар ҳудуди Ховалинг 5 сангтӯда, маъбади Буддоии Чепол ва садҳо таҳҷои кӯшку қалъа ва дигар ёдгориҳои таърихию табиӣ воқеъ гаштаанд.
Дараи Мухтор яке аз гӯшаҳои зебоманзару муқаддаси Ховалинг буда, дар ин ҷо қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ соли 1841 ба дунё омада, камол ёфтааст.
Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ гӯшаи дигари зеботабиату боғановати Ховалинг аст. Ин ҷо оромгоҳи яке аз симоҳои барҷастаи олами Ислом ғоибан дӯсту ҳамзамони Пайғамбари Ислом (с) Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ мавҷуд буда, дар байни мардуми мусулмони кишвар ва берун аз он маҳбубият дорад ва ҳар рӯз эътиқодмандони зиёд ин оромгоҳро зиёрат мекунанд. Имрӯз мавзеи Мазори Ҳазрати Султон обод аст. Мақбара, меҳмонхона, масҷиди калон, кат, бошишгоҳҳои зиёд ва дигар иншооти хурду калони ин ҷо зебову дилрабоянд.

муфассал

 
<< Первая < Предыдущая 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Следующая > Последняя >>

Страница 1 из 41
ЭМОМАЛИ РАХМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...