Public relations

Наҳзатиҳо ҷузъе аз ДИИШ-анд?!

18 03 2020

Тавре маълум, аз 16 то 26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава ҳамоиши солонаи САҲА оид ба меъёрҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар доир гардид. Худи ҳамон рӯзи ҳамоиш бо ном чанде аз намояндаҳои оппозитсиюни тоҷик (дар асл онҳо оппозитсия нестанд), аз ҳузури хеш дар ҳамоиш худситоӣ карданд.

Фошгӯиҳои Абдулло Раҳнамо
Чун бо ёвагӯиҳои ин теъдод аз аслбохтаву худобехабару худфурӯш аз азал ошноам, аз сару садобаландкуниҳояшон зуд дарк кардам, ки чунин шеваи гуфтори хашинашон танҳо василаи ором кардани қалби пур аз кину сиёҳи онҳосту бас. Аз сӯи дигар, бояд назди хоҷагонашон ҳар сенту еврои хӯрдаашонро ҳисобот диҳанд ва барои фаъолияти ояндаву грантгирӣ роҳро ҳамвор созанд.
Аз суҳбати коршиноси масоили сиёсӣ, мушовири раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо бо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”(№41, аз 9 октябри соли 2019), ки узви ҳайати давлатӣ дар ҳамоиши мазкур буд, пурра итминон ҳосил кардам, ки он тӯдаи мухолифу “музокиротҷӯ”, чанде аз гумроҳзадаву ҷодагумкардаанд, ки аз карда пушаймону роҳу воситаи музокирот меҷуянд.
Абдулло Раҳнамо зимни суҳбат бо хабарнигор оқилонаву одилона зоҳиру ботини онҳоро фош карда, хулоса кардааст, ки “Мухолифон ҷониби музокира нестанд. ”Бале, тӯдаи инсонношиносу кӯрзеҳн, тангдилу хоҷапараст, ки алфози қабеҳ бар забону дилҳои торик доранд, магар метавон бо ин теъдод сари мизи музокирот нишаст? Ҳеҷ гоҳ! Ҳарчанд ин теъдод худро олиму орифи исломӣ мепиндоранд, аммо дар асл рафтору гуфтор, муомилаву муносибати зишти эшон нишонгари он аст, ки ин теъдод бозичаи дасти бегонагонанд.

муфассал

 

САРАЗМ. ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КОВИШҲОИ БОСТОНШИНОСӢ

18 03 2020

 

Имсол ба донишҷӯёни бахши таърихшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муяссар шуд, ки нахустин бор бобати таҷрибаомӯзӣ ба Саразми бостонӣ сафарбар шаванд. Ташаббуси мазкур дар се қисмат амалӣ  шуда, донишҷӯён, пеш аз ҳама, бо лавозимоти зарурӣ, ҷойи зисту истироҳат таъмин шуданд.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ донишҷӯён хандақеро ошкор карданд, ки дар дохили он устухони ҳайвонот, пораҳои сафолии зарфҳои гуногун мавҷуд буд. Аз нигоҳи бостоншиносон чунин хандақҳо ба хотири тоза нигоҳ доштани шаҳр сохта мешуданд ва аз маданияти баланди шаҳрдории саразмиён гувоҳӣ медиҳад. Пайдо намудани якчанд асбобу олоти кишоварзӣ, аз ҷумла каланди чӯбин, дос, васоити ҷуфтронӣ гувоҳи он аст, ки мардуми Саразм дар соҳаи кишоварзӣ низ намуна буда, ба парвариши ҳар гуна зироат, бахусус, гандуму ҷав  машғул мешуданд ва дар баробари ин чорводорӣ ҳам мекарданд.
Косахонаи сари навраси 6 - 7 сола, ки донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ пайдо  намуданд, арзиши баланди таърихӣ дошта, мутобиқи фарзияи бостоншиносон таърихи 3000 - 3500 сола дорад. Якчанд  нигора ва сафолпораҳои дарёфтнамудаи онҳо низ дар оро додани гӯшаи  осорхонаҳо намунаи барҷаста ба ҳисоб мераванд. 

муфассал

 

РАМЗҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛӢ


Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардиданд.

Рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуданд.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшунигори миллӣ оро ёфта, дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

муфассал

 

РАМЗҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА СОЛИ НАВИ МИЛЛӢ

18 03 2020
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардиданд.

Рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуданд.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшунигори миллӣ оро ёфта, дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

муфассал

 

Худдорӣ аз падидаҳои номатлуб

11 03 2020

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд. 

муфассал

 

Коррупсия – зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ

11 03 2020

Мақсади ҳар як ҷомеа ва ҳар як давлат, инчунин, роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои рӯ ба рӯ гаштааст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабул шуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст. Муҳиммияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сардори давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба парлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.

муфассал

 

Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм

04 03 2020

Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.
Ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд, ки онҳо метавонанд ба истиқлолият ва амнияти ҳар давлат хатар эҷод кунанд. Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмонӣ бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.
Борҳост, ки Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлат бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳон имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.

муфассал

 

ҲАВОДИСИ «БАҲМАНМОҲИ ХУНИН». ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТИЮ ИФРОТИИ ТТЭ ҲНИ

04 03 2020

 

Таърих гувоҳ аст, ки моҳи феврали соли 1990 роҳбарону масъулони ташкилоти террористии ҲНИ бо истифода аз вазъияти бамиёномада (паҳн гардидани овоза дар бораи он ки гӯё Ҳукумат дар Душанбе ба арманиҳои аз заминҷунбӣ зарардида хонаҳои истиқоматӣ медода бошад) ошӯбу тазоҳуроти хунин доир сохта, сабабгори ҳалок гардидани одамон шуданд. Аммо ин баҳона танҳо рӯзи аввали тазоҳурот буд. Дар рӯзҳои минбаъда тазоҳургарон ба зудӣ аз арманиҳо фаромӯш карданд ва аз тарафи онҳо танҳо шиорҳои зиддиҳукуматӣ садо медод.
Баъдан, маълум гардид, ки издиҳоми тазоҳургарро муллоҳову рӯҳониёни ифротӣ ва манфиатҷӯю фурсатталаб, махсусан, масъулони ТТЭ ҲНИ ба майдон кашида, тавассути ин амалашон мехостанд, ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро татбиқ намоянд. Инчунин, равшан шуд, ки овоза дар бораи  ба арманиҳо додани хонаро наҳзатиҳо ба таври мақсаднок паҳн карда, одамонро дар муқобили Ҳукумат шӯр андохта будаанд. Дар асл мехостанд, ки аз ҳолати ҳамон замон (суст шудани пояҳои давлатдорӣ дар ИҶШС) сӯиистифода карда, вазъияти ҷумҳуриро ноором созанду ба истеъфои роҳбарони кишвар дастёб гарданд ва тадриҷан ба қудрат бирасанд.
Президенти вақти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд, ки: «Ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ!». Ӯ, инчунин, гуфтааст, ки «собиқ қозии ҷумҳурӣ А.Тураҷонзода шахсан овозаро дар бораи ба арманиҳо додани хонаҳо дар Душанбе паҳн карда буд».
Пас аз гузашти як рӯзи тазоҳурот издиҳомгарони ба макри наҳзатиҳо гирифторшуда кӯр - кӯрона ба амалҳои ношоиста даст мезаданд. Онҳо  намедонистанд, ки мавриди истифодаи террористони наҳзатӣ қарор гирифтаанд. Оқибат кор ба дараҷае расид, ки дар натиҷаи аввалин кӯшиши хиёнаткорона ва террористонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ дастикам 25 сокини кишвар кушта шуд.

муфассал

 

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард аст

23 02 2020

ДУШАНБЕ,  23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз соли 1993 то имрӯз,  ҳамасола 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Инак 27 сол аст, ки миллати тоҷик ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт ва имрӯз он яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қуввҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад.

Тавре сарбози қатории қисми ҳарбии 6593 Муҳаммад  Ибодов  зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд,  ҳоло шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб буда, сарбозон бо хӯрок  ва сару либоси гарм таъмин мебошанд.

«Бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст. Ман 1 апрели соли 2019  бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омада, муддати 11 моҳ аст, ки  дар ин ҷо хизмат менамоям.  Ҳоло ман хурсанд аз онам, ки сарбаландона хизмати Ватанро иҷро намуда истодаам.  Аз ин иқдоми пешгирифтаи ман падару модарам низ розӣ буда, ифтихор доранд. Тавре маълум аст, ба наздикӣ маъракаи даъвати наваскарон оғоз мешавад. Аз ин рӯ  ба  ҷавонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо даъват менамоям, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накарда, ба ҳифзи Ватан омода бошанд ва дар тинҷиву оромии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд»,- гуфт Муҳаммад  Ибодов.

муфассал

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 21 феврали соли 2020

23 02 2020

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу менамоям.
Бисту ҳафт сол қабл – замоне ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Яъне, давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт. Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд. Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор карданд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд.

муфассал

 

Сутуни истиқлол

23 02 2020

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23-юми феврали соли 2020, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад.

Баъди пош хӯрдани Итти-ҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки ин давр бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқа-дам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.

муфассал

 

ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

11 02 2020

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ номида шудааст ва ин моҳиятан онро ифода мекунад, ки  сиёсати  давлатӣ, асосан,  ба  беҳбуди шароити зиндагии ҳар як шахс равона  шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ низ таъкид шудааст, ки « …мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи Парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Иҷтимоиёт ҷузъи таркибии иқтисод буда, натиҷа ва ҳадафи ниҳоии он дар ташкил ва таъмини дараҷаи ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва  қонеъгардонии ниёзҳои шахс ифода меёбад. Дар солҳои охир рушд  додани самтҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, бақияи пасандозҳо, дарозумрӣ   ва  коҳиши фавти  шаҳрвандон  мусоидат намуд. Дар умум, тавре дар Паём омадааст: «Рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард расидааст».
Воқеан, бо афзоиш додани маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии кишвар, бо вусъати гардиши савдо ва хизматрасониҳо дар бахши хусусӣ, бо истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  ба 87,4 миллиард сомонӣ расонда  мешавад. Талаботи дунёи муосир, яъне ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва дар асоси он қабул ва амалӣ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2025, вазифаи  наздиктарини ҷомеаи мо хоҳад гашт.

муфассал

 
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 4 of 18
EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...