Public relations
ҲНИТ!!! Хуни шаҳидони мо, мечакад аз ҷангатон!!!17.01.2018 (Аз қатли Муҳиддини Олимпур 22 сол пур гардид) Аксари донишҷӯёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира”-и ДДМТ субҳи хунини 13-уми декабри соли 1995-ро ёд доранд. Он субҳи тираи боронӣ ҷасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои филология ва журналистикаю шарқшиносӣ мехобид. Имрӯз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содда менамояд ва онро кори дасти се-чор қотили касбӣ (киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд. Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шуҳраташро зиёд кард, омода кардани барномаҳои телевизионие бо номи “Ситораҳои Шарқ” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод. |