Public relations

СИЁСАТ. ВАҚТЕ МУХОЛИФОН ФАРОСАТИ ОДИИ ИНСОНӢ НАДОРАНД...

07 08 2020

Баҳманёр, нависандаи номвари тоҷик, дар силсилаҳикоёти “Сармаддеҳ” образеро ба риштаи тасвир кашидааст бо номи Холдори чилдурӯғ. Қаҳрамони ҳикоя ба гуфтаи мардум аз тоифае аст, ки агар дурӯғ наёбад, ноилоҷ рост мегӯяд. Ба ҳамин монанд нафареро медонам, ки шикорро дӯст медошт ва баъди ҳар бозгашт  қиссаи наверо дар атрофу акноф паҳн мекард. Боре дар маъракае бо кафки даҳон аз дидани море, ки даҳ метр дарозӣ дошт, қисса кард. “Наход? Андак кам кунед, - хоҳиш карданд ҳамсуҳбатон”. Ба ҳамин минвол дарозии ин аждаҳоро то ба як метр фаровард. Ба ин ҳам шубҳа карданд. “Валлоҳ, дигар кушед ҳам, як ваҷаб кам намекунам”, - гуфт ӯ. Воқеият ба назари ӯ ҳамоне буд, ки хаёлан тасаввур мекард ва онро  сурати  ҳол мепиндошт.
Ин қисса вақте лофу газоф ва суханрониҳои Муҳиддин Кабириро дар бораи  вазъи Тоҷикистон мешунавам, ба хотирам меояд. Дар тасаввури ӯ  воқеияти Тоҷикистон ҳамонест, ки солҳо қабл медонист ва ҳанӯз  ба коргоҳҳои зиёд фармонравоӣ мекарду дар ҷаласаҳои ҳизбӣ пеши ҳамсафон донотарошӣ менамуд.
Аз он солҳо аз ин ҷӯй оби зиёде гузашт, воқеият дигар шуд. Агар  имрӯз аз мардум пурсише доир намоянд, ҳатто собиқ ҳамсафонаш  дигар ӯро ҷонибдорӣ намекунанд. Хаёли хоме, ки ҷомеа “ғояҳои” онҳоро мепазирад, ба айбҷӯиҳои онҳо табдил ёфтааст. Аммо “ба ҳован об кӯбидан” аст талошҳои  ӯ ва ҳаммаслаконаш.
Баъдан, маълум аст, ки дар ниҳояти кор  ҳадафи ҳар ҳизби сиёсӣ даст ёфтан ба ҳокимияти сиёсӣ аст.  Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом низ истисно нест. Онҳо ба чӣ такя мекунанд, ба чӣ умед мебанданд?  Ҳизбашон  бо ҳукми суд мамнӯъ ва террористию экстремистӣ эълон шуд, ҳазорон нафар аъзоёнаш аз он расман рӯй тофтанд. Худаш солҳо боз дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ё умедворанд, ки “қатра оқибат сангро сӯрох мекунад?” Шояд  ба ҳамин хотир тарғиботашонро аз тариқи сомонаҳои интернетӣ бештару фаҳштару ғаразноктар сохтаанд. 

муфассал

МАҲБУБИ МИЛЛАТ. МУҲАББАТНОМАИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН БА ПЕШВОИ МУАЗЗАМ

07 08 2020

Фозилон ва мутафаккирони миллатҳои гуногун аҳамияти таърихии ваҳдати миллиро кайҳо собит намудаанд. Дар ҳар сарзамине, ки дӯстиву ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ  ҳукмфармо бошад, дар он ҷо амну амонӣ ва сулҳу субот  пойдор  шуда, пешрафт ва некуаҳволии ҷамъият таъмин мегардад.
Ин раванди таърихиро дар мисоли Тоҷикистон, ки ба қарибӣ 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии он ҷашн гирифта хоҳад шуд, мушоҳида карда метавонем. Ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 баргузор гардида буд, сарчашма гирифтааст.

Ҳамроҳ бо Истиқлолияти давлатии кишвар  муваффақ гаштан ба ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро яке аз шартҳои муҳимтарини  сиёсати давлатдорӣ  ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. 
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Воқеан, Тоҷикистон аз замони истиқлолият роҳи минбаъдаи рушди худро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайгирона таъмин намуд. Ҳарчанд бунёди давлати мустақил кори саҳл нест, вале талошу ҷонбозӣ ва садоқати Сарвару мардуми шарифи Тоҷикистон, тафаккури баланди  аҷдодӣ  ва дарки ҳувияти миллӣ ба ин дастовардҳои беназир ноил гардидан замина фароҳам оварданд. Ба сари қудрат  шахсияте омад, ки тақдири эҳёи давлатдории миллӣ  маҳз бар дӯши ӯ вогузор  шуда буд. Ин шахсияти таърихӣ фарзанди фарзона ва содиқи Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

муфассал

РӮЗИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪЙИН ШУД

07 08 2020

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020,  таъйин карда шавад. Чунин омадааст дар қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз  зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум,  қабул гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  гузориш медиҳад,  ба рӯзномаи  ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, масъалаҳои зерин:

муфассал

ФИШУРДАИ МАТБУОТӢ

03 08 2020

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2020 пешбинӣ гардидааст, аз 2 то 5 августи соли 2020 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, бо тирпарронии ҷангӣ баргузор мегардад.

Ин чорабинии муҳими низомӣ дар се марҳила, дар машқгоҳҳо ва минтақаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷараён гирифта, ба он беш аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудративу мақомоти давлатии ин гарнизон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ин минтақа ҷалб карда мешаванд.

Дар назар аст, ки тибқи нақша ба машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии қӯшунҳои гарнизони Хоруғ дар баробари ҷалби ҷузъу томҳои пиёданизом ва таъиноташ махсуси сохторҳои қудратӣ, инчунин, ба он авиатсияи ҷангӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи сабуки оташфишон, 300 адад техникаҳои зиреҳпуши ҳарбӣ, артилерияҳои навъашон гуногун, автомашинаҳои махсуси низомӣ ва боркашу нақлиётӣ истифода мешаванд.

Илова бар ин дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ Ситоди муштараки идории қушунҳо ташкил карда мешавад, ки захираи эҳтиётии даъватшавандагон, техникаҳои хоҷагии халқ ва умуман лавозимоте, ки барои баргузории ин чорабинии муҳими низоми заруранд ва мувофиқ ба эҳтимолияти замони ҷанг пешбини шудаанд мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.

муфассал

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

23 07 2020

«Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки бо иштироки ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар собит намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон доир ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дорад.

Президенти кишвар пайваста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳанд, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ чораҳои муассир андешанд. Тавре Пешвои миллат дар конфронси байналмилалӣ иброз доштанд, Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки намояндагони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон амсоли Амрикову Аврупо ва дигар кишварҳои тараққикарда дар ибтидо гумон мекарданд, ки масъалаи терроризму экстремизм мушкилоти Тоҷикистон ва ё Осиёи Марказӣ бошад, вале пас аз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2001 Амрико пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди муқовимат бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддирро дастгирӣ намуд ва ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

-Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд. Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд»,- зикр намуданд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш.

муфассал

ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШ

21 07 2020

Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсу таълимоти ҳарбӣ дар доираи ду даври омӯзиш амалӣ карда мешавад. Нимсолаи якуми таҳсил аз моҳи январ оғоз гардида, моҳи май ҷамъбаст карда мешавад. Нимсолаи дуюми хониш бошад, аз моҳи июл то моҳи ноябр идома меёбад. Ҳафтаи равон ба ин муносибат нахуст дар толори Вазорати мудофиа бо иштироки ҳайати роҳбарии Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомад доир гардид, ки онро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Э. Собирзода оғоз бахшида, вобаста ба ташкили тайёрии амалиётӣ, сафарбарӣ, ҷангӣ ва таъмини хизмати қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиа барои таҳсили нимсолаи дуюми соли 2020 ба масъулин дастуру супориш дода, аз онҳо муносибати ҷиддиро дар самти ташкили дарсу машғулиятҳои таълимии Ҳамзамон, вобаста ба ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва бунёди заминаҳои хуби моддиву техникии ҳозиразамон ибрози назар карда шуд.

Сипас, афсарони масъули бахши таёрии ҷангӣ фармоиши вазири мудофиаро, ки дар он тамоми нақша-чорабиниҳои нимсолаи дуюми омӯзишӣ барои ҷузъу томи Артиши миллӣ муайян шудааст, ба самъи ҳозирин расонида, онҳоро ба омӯзиш, таълим ва татбиқи ҳаматарафаи ин фармоиш водор намуд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қабл аз оғози нимсолаҳои таҳсил, синфхонаю майдончаҳои таълимӣ ва дигар аёниятҳои дарсӣ барои гузаронидани машғулиятҳо омода карда мешавад. Дар ин замина, дар баробари синфхонаҳои маъмулӣ, инчунин вобаста ба мавсими сол ва вазъи боду ҳавои кишвар дар ҳамаи ҷузъу том ва қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши миллӣ синфхонаҳои таълимии саҳроӣ тибқи нақшаи муайян ва сатҳу сифати хуби сохтмонӣ бунёд карда шудааст, ки ин имкон медиҳад, ҳайати шахсӣ машғулиятҳои худро озодона ва самаранок аз худ намоянд. Ҳамзамон, дар ҳар як қисми ҳарбӣ имрӯз майдончаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки афсарону сарбозон ба ҷуз машқҳои васеи низомӣ, тамоми машғулиятҳои таҷрибавии худро дар он мегузаронанд. Ҷиҳати санҷиши қудрати дифоӣ бошад, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар пойгоҳу машқгоҳҳои ҳарбӣ бо инфрасохтори моддиву таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

муфассал

ПАНДЕМИЯ. ТАКОН БА РУШДИ САЙЁҲИИ ФОСИЛАВӢ

21 07 2020

Дар ҳоле ки бемории COVID-19 туризми ҷаҳонро боз дошт, миллионҳо карантиншуда таҷрибаи фарҳангӣ ва таърихиро мустақиман дар хона тавассути интернет меҷустанд. Дар ин давра фарҳанг аҳамияти баланди худро собит намуд ва талабот ба дастрасии маҷозӣ ба осорхонаҳо, ҷойҳои мероси фарҳангӣ ва намоишҳо ба сатҳи бесобиқа расид.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва қонеъ гардондани талаботи афзоянда ба сайрҳои маҷозӣ бори аввал дар таърихи фаъолияти худ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ экскурсияи виртуалӣ (фосилавӣ) - и экспозитсияҳоро роҳандозӣ намуд.
Мубилхони Мубилпур, муовини сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, иброз дошт, ки шурӯъ аз 30 апрел бо панҷ забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва чинӣ сайрҳои фосилавӣ таҳия гардиданд. Сайрҳо дар саҳифаҳои расмии осорхона дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ «Facebook», «Twitter», «Instagram», «В Контакте» ва «Одноклассники» ҷой дода шуданд.
Ба гуфтаи М. Мубилпур, фаъолтарини онҳо «Facebook» мебошад, ки то 7 ҳазор тамошобин дар як ҳафта дорад. Аксари бинандагони фазои маҷозӣ дар шарҳи наворҳо фикру андешаҳои худро иброз намуда, ин иқдоми наҷибро дар шароити кунунӣ зарур ва саривақтӣ меҳисобанд.

муфассал

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

17 07 2020

Дар толори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси мушовараи Вазорати мудофиа “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти қисму воҳидҳои Вазорати мудофиа дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020” баргузор гардид.

Ҷамъомад бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ-Насрулло Маҳмудзода, вазири мудофиаи мамлакат-Шералӣ Мирзо, масъулини Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”, Сарпрокурори ҳарбӣ, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор гардида, дар он як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар рафти чорабинӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа, сардорони чанде аз раёсатҳо ва дигар масъулини дахлдор баромад карда, доир ба татбиқи амалии нақшаи мудофиаи Тоҷикистон, марҳилаҳои азнавсозӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, бурду бохти сохторҳои таркибии навъи қӯшунҳо, сатҳи омодагии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву коҳиш додани сатҳи содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ, ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, вазъи кунунии афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таъминоти ҳамаҷонибаи ақибгоҳӣ, ҳифзу эмин нигоҳ доштани ҳайати шахсӣ аз мубталои бемориҳои сироятӣ, ба хусус коронавирус ё худ Ковид-19, дар ин замина бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ-гигенӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва оид ба дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудрати гузориш доданд.

САЙЁҲӢ. ДАСТГИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУҲРОНРО БАРТАРАФ МЕСОЗАД

17 07 2020

5 июни соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19  ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки тибқи он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили андозӣ пешбинӣ, инчунин, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда шуд.
Ин иқдоми Президенти кишвар дар ҷомеа, бахусус миёни кормандони соҳа ва бахши хусусӣ, ҳамовозии гарм пайдо кард. Фаридун Ҳамроев, корманди ширкати сайёҳии «Панҷакент интур», ин иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллатро саривақтӣ ҳисобида, аз дастгирии навбатиашон бо қаноатмандӣ иброз дошт:
- Сайёҳӣ соҳае мебошад, ки аз омадурафти одамон вобаста мебошад. Карантини сартосарӣ бошад, онро мувоҷеҳи буҳрон кард. Ба ин хотир, баъд аз анҷоми пандемияи коронавирус барои барқарор сохтани сайёҳии байналмилалӣ навсозии инфрасохтори сайёҳиро ба роҳ мондан лозим аст. Зеро ҳамагон медонем, ки аксари инфрасохтори хизматрасонӣ ба буҳрон тоб намеорад. Муҳимтарин тадбир дар ин самт дастгирии бахши хусусӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад ва чунин таҷриба дар кишварҳои гуногуни олам бомуваффақият амалӣ мегардад. 

муфассал

САРАЗМ- ГАҲВОРАИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

09 07 2020

Шаҳркадаи Саразм-яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Номгузорӣ

Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна-Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвитс Саразм маънои «Сари замин»- ро дорад.

муфассал

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 2 of 18
EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...