EMPTY POSTS
Элон13 04 2020Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», бандҳои 2 ва 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст, Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М: 1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад: Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа: - сармутахассиси қабулгоҳи вазири мудофиа; - мутахассиси пешбари шуъбаи умумии Дастгоҳи вазири мудофиа; - мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии Дастгоҳи вазири мудофиа; - сармутахассиси зершуъбаи компютерии Дастгоҳи вазири мудофиа; - сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва комиссияи аттестатсионии Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ; - мутахассиси хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ; - мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ; - сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ; - мутахассиси пешбари гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ; - сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ; - мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ; - мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ. |
|
|
|