11 08 2020

Имрӯз мушкилоте, ки кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайваст шудани ҷавонон аст.

Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Гузашта аз ин, ҷавононро мебояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз зеҳни хеш амалҳои номатлубро дур созанд ва ба омӯзиши илму дониш рӯ оранд. Коршиносони масоили динӣ ҳадс мезананд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстримистӣ пайвастани ҷавонон аз надоштани дониши мукаммали динист, ҳамзамон хуб набудани шароити иқдисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд.

Терроризм-амали номатлубест, ки бевосита дар Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мақсади асосии терроризм халалдор сохтани амнияти миллӣ, тарсонидани одамон, ба ҳаяҷон ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, таввасути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоџикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» «Экстремизм- ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад».

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъбасти 25 соли марҳалаи тайшудаи даврони Истиқлолият ёдовар шуда, иброз дошта буданд, ки: «Бадхоҳони миллати тоҷик барои пиёда намудани мақсадҳои палид ва ғаразноки худ мехостанд ба сари мардуми мо мазҳабу фарҳанги бегона ва андешаи ботили бунёди «Давлати исломӣ»-ро таҳмил кунанд».

Суоли посухталаб ин аст, ки аз куҷо дар зеҳни ҷавонон ақидаҳои ифротгароӣ пайдо мешавад?

-Набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, тавсеаи терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳузури қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ доранд. Ин воқеияти талх, вале омӯзанда ба мо ибрат медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт ба ҳеҷ ваҷҳ заиф нагардонем»-,менигорад дар як мақолаи хеш Файзулло Баротзода, директории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои хабариву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Чизи дигаре, ки нигаронкунанда аст, бо роҳҳои фереб ҷалб намудани писарон ва духтарони зудбовар ба ин гурӯҳҳо мебошад. Коршиносони соҳа гунаҳгори асосиро дар гумроҳ шудани ҷавонон оилаҳоро медонанд. Ба назари онҳо, агар оила солим бошаду пайваста фарзандро назорат намоянд, ҳеҷ гоҳ ҷавонон фирефта намегарданд. Мебояд гуфт, ки аксари ҷавононе, ки аз назорати оила дур мондаанд, фирефтаи гурӯҳҳои тундрав шуданд. Аз омӯзиш дур мондани ҷавонон низ яке аз ин омилҳо низ буда метавонад.

 

Маркази матбуоти Вазорати

мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон