13 04 2020

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», бандҳои 2 ва 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад:

Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа: - сармутахассиси қабулгоҳи вазири мудофиа;

- мутахассиси пешбари шуъбаи умумии Дастгоҳи вазири мудофиа;

- мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии Дастгоҳи вазири мудофиа;

- сармутахассиси зершуъбаи компютерии Дастгоҳи вазири мудофиа;

- сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва комиссияи аттестатсионии Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ;

- мутахассиси хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ;

- мутахассиси пешбари гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ.

 

Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ:

- мутахассиси пешбари шуъбаи сафарбарии Раёсати ташкил ва сафарбарӣ; - мутахассиси пешбари зершуъбаи бойгонӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи кадрии қисми ҳарбии 01003.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ:

- мутахассиси пешбари дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси хадамоти маъмурӣ-хоҷагидорӣ.

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ:

- сардори гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи хоҷагидорӣ; -

мутахассиси пешбари хадамоти обуҳавосанҷии Нуқтаи муттаҳидаи фармондеҳӣ;

- мутахассиси хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 07035.

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ:

- сардори гурӯҳи тарҷумонии дастгоҳи фармондеҳӣ;

- мутахассиси пешбари шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ;

- мутахассиси шуъбаи ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари дастгоҳ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи фармонҳо, иттилоот, таҳлил ва назорат;

- мутахассиси пешбари дабирхона.

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа:

- мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ-ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари ситод;

- мутахассиси пешбари гурӯҳи назорат ба сифати таълимӣ;

- мутахассиси гурӯҳи назорат ба сифати таълимӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:

- мутахассиси пешбари шуъбаи сафарбарӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ:

- сардори зершуъбаи махфӣ;

- мутахассиси комиссариати ҳарбӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино:

- мутахассиси пешбари зершуъбаи махфӣ.

Комиссариати ҳарбии Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- мутахассиси пешбари комиссариати ҳарбӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат:

- сардори зершуъбаи махфӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод:

- сардори зершуъбаи махфӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор:

- сардори зершуъбаи махфӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи сафарбарӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав:

- мутахассиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ;

- мутахассиси зершуъбаи сафарбарӣ.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

- сардори зершуъбаи махфӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Роғун:

- сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

- сардори зершуъбаи махфӣ.

2. Сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ҷиҳати эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (сомона) чораҷӯӣ намояд.

3. Назорати иҷрои фармоиш ба зиммаи муовини вазири мудофиа (масъули соҳаи корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ) вогузор карда шавад.

4. Фармоиш ба шахсони дахлдор расонида шавад.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: -аризаи шахсӣ ба номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби зершуъбаи кадрии Дастгоҳи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 59, индекс: 734002, (992 372) 2-23-01-86, Сомонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mort.tj

ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН генерал - полковник Ш. МИРЗО