Home: Public relations ИНСОНДӮСТӢ Ё ИҚДОМИ БЕНАЗИРЕ, КИ МАВРИДИ СИТОИШУ ПАЙРАВӢ ШУД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today479
Week946
This month10339
Only326268
Video

Forum

ИНСОНДӮСТӢ Ё ИҚДОМИ БЕНАЗИРЕ, КИ МАВРИДИ СИТОИШУ ПАЙРАВӢ ШУД

18 06 2019

 

Иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баргардондани 84 кӯдак ва ноболиғи тоҷик, ки бо волидони гумроҳшудаи худ дар Ироқ қарор доштанд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар таассуроти амиқеро дар дили миллионҳо нафар боқӣ гузошт. Зеро кӯдакону наврасони ба Ватан овардашуда, фарзандони аъзои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна, бахусус Ироқ, кушта ва ё зиндонӣ шуда, то ин дам дар шароити ногувор ба сар мебурданд.

Ин ташаббуси инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди ситоишу пайравӣ қарор гирифта, бори дигар гуманизму инсондӯстии дараҷаи олии Сарвари давлатро собит сохт. Гузашта аз ин, исбот шуд, ки Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба тақдири ҳеҷ як нафар шаҳрванди ин сарзамин бетараф нестанд ва дар идомаи талошҳои босамари худ, иқдомеро рӯи даст гирифтанд, то тифлони маъсуму бегуноҳ дар паноҳи давлат бошанд. 
Ман аз бардоштҳои шахсии худ дар баробари ин иқдоми башардӯстона бовар ҳосил намудам, ки чунин муносибати некбинонаи Сарвари давлат эътиқоду ихлоси ҳамагонро як бар чанд меафзояд ва дар таърих бо хотираҳои нек сабт мешавад.  Мо  ибораҳои халқии  “дар сояи давлати касе будан”, “дар паноҳи давлати касе будан” - ро бисёр истифода мебарем, ки рамзист. Вале, борҳо амалан дидем, ки  “соя”- ву  “паноҳ”- и Сарвари ғамхори кишварамон барои ҳама аст. Ин арзиши воло дар вуҷуди Пешвои ҳақиқие буд, ки баробари ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ дар давраи басо мушкили таърих роҳи фардои миллатро рӯшан сохт.  Агар ба таърихи кушишу талошҳои Пешвои муаззами миллат назар андозем, ҳайрати абармардоне чун Раиси вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марҳум Бурҳониддини Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи  Масъуд нисбат ба корномаҳои бебоконаи Сарвари мо ба хотир меоянд. Онҳо аз он дар ҳайрат буданд, ки замоне Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, ба муқобили тиру туфанг бо дасти холиву дили пок барои мулоқот бо мухолифон ба Афғонистон рафтанд. Ин ду марди бузург, ки таҷрибаи зиёди ҷангиву муоҳидавӣ доштанд, бовар накарданд, ки вохӯрӣ хуб меанҷомад. Вале иродаи қавиву беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастболо шуд ва ниҳоят мо ба сулҳу ваҳдати комил даст ёфтем. Ҳамчунин, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда, ба зиндагии осоишта фаро гирифта шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарзонагону шахсони номвари миллат таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, онҳоро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ин аст, ки ҳамеша дар сафарҳои дохиливу хориҷиашон бо онҳо дидору мулоқотҳои хоса анҷом медиҳанд. Мо дар ёд дорем, Сарвари давлат зимни сафаре ба Федератсияи Россия бо Нависандаи халқии Тоҷикистон марҳум Сотим Улуғзода мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи эшон пурсиданд ва зери парастории Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доданд.  Барои аз ИМА ба зодгоҳ баргаштани Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир мусоидат намуданд. Академик Акбар Турсонро низ аз Амрико ба Ватан оварданд. Ба ин монанд, даҳҳо мисол метавон овард, ки аз Сарвари ғамхору Пешвои ҳақиқии халқ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд. 
Инак, рӯйдоди мавриди назар касеро бетараф гузошта наметавонад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарзандони шахсони гумроҳу фирефташудае, ки ба номи давлату миллат иснод оварданд, чи амали хайреро раво диданд. Ин аст мақоми олии Сарвари халқ будан, ки барҳақ, боиси ифтихору сарфарозии мо мардуми Тоҷикистон аст, ки чунин Пешвои оқилу ботадбир дорем.

Туғрал ШОКИРОВ, сокини шаҳри Хуҷанд


Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform