Home: Public relations МАШҚҲОИ РОТАВӢ-ТАКТИКӢ ДАР ФАХРОБОД
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today466
Week933
This month10326
Only326255
Video

Forum

МАШҚҲОИ РОТАВӢ-ТАКТИКӢ ДАР ФАХРОБОД

03 05 2019

Дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, бо мақсади баланд бардоштани омодабошии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни он дар пойгоҳи ҳарбии Фахробод машқҳои муштараки ротавӣ-тактикӣ ташкилу ба роҳ монда шуд. Зимни баргузории машқҳои низомӣ афсарону сарбозони иштирокчӣ маҳорати хуби ҷангӣ нишон дода, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули низомӣ ва уҳдадориҳои дар машқгоҳ бар дӯш дошта, басо ҳам серталош буданд.

Бояд қайд кард, ки дар ин тамринҳои муштарак ҳайати шахсию фармондеҳӣ ширкат варзида, ҳамзамон техникаҳои вазнини низомӣ, аз қабили мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, ҷузъу томи таъйиноти махсус, кашшофиву мина-ҷӯйӣ ва десантчиёни Бригадаи ҳамлаовари десантии Нерӯҳои зудамали кишвар низ ҷалб гардида буданд.

Ба андешаи масъулини фармон-деҳии машқҳо ва роҳбарони машғулиятҳо мақсади асосии ташкилу роҳандозӣ намудани тамринҳои навбатӣ, ин пеш аз ҳама омодагии дастаҷамъона бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ба монанди терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳамин тавр, дар майдони машқу омӯзиш пеш аз ҳама гурӯҳи кашшофони ҳарбӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷалб гардида, пас аз муайян намудани мавзеи ҷойгиршавии душманонии шартӣ ҳайати шахсӣ бо истифода аз силоҳу техникаҳои вазнини ҷангӣ ба амалиёт шурӯъ намуданд, ки гӯё дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона душманони эҳтимолӣ маҳв карда шуданд.

Дар воқеъ, вобаста ба иштироки гурӯҳҳои десантиву парашутчиёни Артиш ва қувваозмоиҳои онҳо дар баробари дигар ҳамсафон зимни амалиётҳои омӯзишии чандрӯза ҳаминро бояд зикр кард, ки онҳо бо маҳорату малакаи хуби касбии хеш омодаанд дар шароити кӯҳистони мамлакат дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳ ва бартараф намудани ҳаргуна хавфу хатар саҳми муассир гузоранд.

Умуман, ин қабил машғулиятҳои омӯзишӣ ва машқу тамринҳо агар аз як тараф ба сайқал додани сатҳи донишу малакаи хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар он ҳамчун як навъ робитаи ҳамоҳангсоз аз табодули таҷриба ва дастоварду комёбиҳои касбӣ дар ин самт дарак медиҳад. Аз ин ҷост, ки машқҳои омодабошии ҷангӣ ҳамчун маҳаки асосии фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ мунтазам бо роҳу усулҳои мухталиф ташкилу гузаронида мешавад.

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform