Home: Public relations АРТИШИ МИЛЛӢ АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ!
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today467
Week934
This month10327
Only326256
Video

Forum

АРТИШИ МИЛЛӢ АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ!

18 02 2019

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намудааст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо заҳмату талошҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ дар шароите, ки барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт, шурӯъ кардааст. Шароити пешрафти босуръати ҷаҳонӣ тақозо кард, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла Артиши миллӣ таҷрибаҳои пешқадамро ҷорӣ намоем.

Баҳри ноил гаштан, ба ташкили кишвари соҳибистиқлол санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Дар ин ҷода бо ҳидояту талош ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 50 давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омадасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ асосан афсарони касбӣ-хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷӣ пурра гардонида мешаванд. Маҳз шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин намояд. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст. Имрӯзҳо ҳангоми ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Сарвари давлат ба ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда, ҳатман аз аҳволи ҷавонон бохабар мегардад, бо онҳо суҳбатҳо анҷом медиҳад, пешниҳоду дархостҳои онҳоро мешунаваду баҳри иҷрояшон масъулонро вазифадор менамояд.

«Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 исботи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбат ба ин қишри бузурги ҷомеа мебошад. Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон махсус дар мавриди баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро равона гардидааст. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гашт, ки давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон гирифтори бозиҳои абарқудратҳо шуда, то имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми талоши худро барои барқарорнамоии сулҳ ва суббот дар ин мамлакатҳо равона карда истодаанд, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус, хизматчиёни ҳарбӣ бояд бепарво ва бемасъулият набуда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбии зертобеъ дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ талош варзем. Мутаассифона, имрӯзҳо ба аҳли мардуми кишвар маълум аст, ки бинобар нодонӣ ва камтаҷрибагии ҳаётӣ далелҳо кам нестанд, ки ҷавонони мо (хизматчиёни ҳарбӣ) бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротгароӣ мепайванданд. Ин ҳолатҳо бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо холӣ нест. Дар ин замина тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу ватандӯст як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, дар байни ҷавонон-хизматчиёни ҳарбӣ бояд тарбияи ватандӯстиро ба таври доимӣ ба роҳ монда, онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ раҳнамоӣ кард. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии волидайн, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва кулан аҳли ҷомеа ин аз амали нодуруст ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштану ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. Дар навбати худ насли ҷавон-хизматчиёни ҳарбӣ бояд фаромӯш насозанд, ки мақсад аз тарбияти онҳо ба хотири ояндаи неки Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Онҳоро лозим аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати баланди касбӣ ва рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ ба пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо баҳри зиндагии боз ҳам арзанда, сулҳу суббот, шукуфоии давлат, ноил гаштан ба дастовардҳои беназир, талош бояд кард. Боварӣ дорам, ки кулли хизматчиёни ҳарбӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо карда, тамоми донишу таҷриба, малакаи касбии худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.

С.АБДУҶАББОРЗОДА, Прокурори ҳарбии шуъбаи Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform