Home: Public relations Омодагиҳои Вазорати мудофиа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today52
Week218
This month7498
Only296479
Video

Forum

Омодагиҳои Вазорати мудофиа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 01 2019

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон нахуст фаъолияте, ки Вазорати мудофиаи мамлакат оғоз бахшид инҳам бошад, таҳияи Нақша-чорабиниҳои асосии Вазорати мудофиаи кишвар бахщида ба сазовор пешвоз ва ҷашн гирифани 30-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади таҳлили самтҳои асосии нақшаи мазкур таҳти роҳбарии вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар толори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 машварати корӣ доир гардид.
Зимни баргузории он аз ҷониби Шералӣ Мирзо “Нақшаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиа” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳоди қудратӣ таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сӯлҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳама бандҳои нақшаи мазкур бояд бо сифати баланд таъмин гарданд ва то арафаи таҷлили ин ҷашни воқеанҳам таърихӣ дар ҳама самтҳо бояд пешравиҳои куллӣ ба чашм расанд.

Ҳамзамон муовини вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Латифзода Асрор Қурбон илова намуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлили ин ҷашни воқеанҳам таърихӣ, омодагиҳо ҷиҳати гузаронидани Паради ҳарбӣ, чорабиниҳои тантанавӣ, озмӯни “Суруди Сарбоз”, таҳияи филмҳои мустанад, нашри рӯзномаҳои ҷашнӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, сохтумону азнавсозии бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, оро додани мӯҳити қисмҳои низомӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои мӯҳим зери назорати қатъӣ қарор дошта, дар сатҳи зарурӣ ташкилу бароҳ монда мешавад.

 

Дар интиҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур дар сатҳи зарурӣ ва бенуқсон супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сӯлҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи кишвар ва навъҳои қӯшуни Артиши Милии мамлакат корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома дорад.

Дар ин замина дар Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хобгоҳи васеъ барои афсарони муҷарради ин воҳиди низомӣ сохта ва ба истифода дода шуд, ки муҷаҳаз бо ҳама ашёву лавозимотӣ зарурӣ барои зисту зиндагонӣ муносиб мебошад.

Дар рӯзи ба истифода додани бинои мазкур роҳбарияти Вазораи мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ, муовини вазири мудофиа генерал-майор Латифзода Асрор, масъулини ин воҳиди низомӣ иширок доштанд.

Қобили зикр аст, ки тарҳи лоиҳаи бинои мазкур ё худ хобгоҳи васеъ барои афсарон мувофиқ ба меъёрҳои муосир аз сифр бунёд гардида, он фарогири 12 ҳуҷра барои 36 нафар афсарони мӯҷаррад, ки дар ин қисми низомӣ фаолият менамоянд, пешбинӣ гардидааст. Аз ин пас ба ин афсарони қисми низомӣ имконият фароҳам аст, ки наздик ба коргоҳи худ зиндагонӣ кунанду ҷавобан ба ҳама дастгириҳои сарвари давлату Ҳукумати кишвар содиқ ба фаъолияти пурмасъули хеш бошанд ва дар бозҳам рушду нумуи кишвари маҳбуб аз худ саҳми босазо гузоранд. Мувофиқи маълумоти командири қисми низомӣ полковник Муродзода Суҳроб қабл аз бунёди ин бинои замонавӣ афсарони ин воҳиди низомӣ дар иҷора зиндагӣ мекарданд ва баъд ба исифода додани ин бино имконият фароҳам аст, ба буҷаи онҳо маблағ изофа гардад.

Бинои нави Маркази таълимӣ дар қисми низомии Восе

Ҳамзамон ҳафтаи равон дар доираи омодагиҳо ба ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои низомии Вазоарти мудофиаи кишвар дар гарнизони Хатлон бинои васеи Маркази таълимӣ бунёд гардид.

Дар рӯзи ба истифода додани бинои мазкур роҳбарияти ВМ кишвар, масъулини ин воҳиди низомӣ иширок дошта, ба сифати сохтумони ин бинои васеи замонавӣ баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки ин бинои таълимӣ дар Артиши Миллии ҶТ ягона бинои васеъ мебошад, ки аз сифр мувофиқ ба стандартӣ муосир бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Даҳлези ошёнаи якум ва ошёнаи дуюми бинои мазкур мувофиқ ба стандартӣ ҷаҳонӣ васеъ буда, барои дар як баст ба синфхонаҳо ворид гардидани ду гурӯҳ муносиб мебошад. Бинои мазкур дорои 9 синфхона буда, инҳам бошад барои омӯзиши дарсҳои назариявӣ синфхонаҳои соҳавӣ мутобиқ гардонидашуда, муҷаҳҳаз бо ҳама ашёву лавозимотӣ зарурӣ мебошад. Ва дар синфхонаҳои васеи он дар маҷмӯъ дар як баст метавонад, беш аз 400 нафар ба омӯзиш ҷалб шавад. Ҳамзамон барои афсарони ин воҳиди низомӣ дар дохили ин бино ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидааст, ки бунёди чунин утоқҳои кории сатҳи муосир бешак басифати таълим мусоидат менамояд. Ҳудуди бинои Бинои таълимӣ низ бо дарахтони сояафкану ороишӣ мувофиқ ба тарҳи муосир гардонида шуда, барои дар оянда ба мавзеи бунёди гулгашти нав муносиб мебошад. Ин дар ҳудуди бинои мазкур барои истироҳату фароғат ва сӯҳбати ҳайати шахсӣ мавзеи махсуси сӯҳбатороӣ ташкил карда шудааст, ҳайати шахсии ба дасрҳо ҷалбгардида дар вақи танафӯс бо ҳамхизматони хеш сӯҳбати озоду самимӣ доир менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати бозҳам ба талаботи замони мӯосир гардонидани ҳама шароити зарури дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи кишвар ва дар маҷмӯъ Қуввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуда, беҳтарин шароит барои дарсу тамрин дар қисмҳои низомӣ ва машқгоҳҳои дурдасттарини Артиши кишвар муҳаё гардидааст.

Сохтумони хобгохи замонави барои сарбозон дар машкгохи “Харбмайдон”

Гурӯҳи эъҷодии барномаи “Сарбози Ватан” тахти рохбарии ман бароибо мақсади сабти бинои васеи хобгохи замонави, ки дар дар яке аз машқгоҳҳои дурдастарини гарнизони Хатлон машқгоҳи Ҳарбмайдон бунёд гардидааст, ба ин минтақа сафар намудем. Рохи пур аз печу тоби дилгиркунанда, дашту сахрои домангири фарогири хомуши, дараву нишебикихои душворгузар барои ронандагони автомабилиро пушти сар намуда, зимни ворид наздик гардидан ба ин бино касро бовараш намеояд, ки дар дашту сахрои домангир ва дар миёни куххо сарбафалаккашида чунин бинои замонави бунёд гардидааст.

Дар воқеъ дар миёни куҳҳои сарбафакал, дашту саҳрои домангир бунёди чунин як бинои замонавӣ самараи даврони Исиқлолияти кишвар маҳсуб ёфта, тӯҳфаи Сарвари давлат, Сафармондеҳи Олии ҚМ генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбии ин машқгоҳ мебошад, ки ҳифзи якпорчагии ин марзу бумро дар яке аз машқгоҳҳои дурдастарин бар ӯҳда доранд.

Бинои мазкур дорои даҳлези васеъи муҷаҳҳаз бо шиору овезаҳо буда, он мувофиқ ба меъёри сохтумонӣ ва талаботи ҳарбӣ мебошад. Дар дохили бино хобгоҳи васеъ барои сарбозон, ки он муносиб ба дашту саҳро ва манотики кӯҳӣ гардонида шудааст, тарҳрезӣ гардидааст. Ҳамзамон ҳуҷраҳои корӣ барои афсарони масъули ин машқгоҳ ташкил карда шудааст.

Ҳудуди бинои мазкур низ барои дар оянда бо дарахтони сояафкану ороишӣ оро додан мувофиқ буда, ба мавзеи бунёди гулгашти нав муносиб мебошад. Дар воқеъ бунёди чунин биноҳои замонавӣ аз марказҳои шаҳру ноҳияҳо сар карда то дурдасттарин қисмҳои низомиву машқгоҳҳо, ин ҳама дар партави сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат дар сами бунёдкориву созандагӣ маҳсуб ёфта, самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Ориф Нозимиён Сардори Маркази матбуоти ВМҶТ

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform