МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХИЗМАТЧИЁНИ СОХТОРҲОИ НИЗОМӢ
21 10 2019
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии кишвар мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони таъминоти ақибгоҳӣ ва молияи сохторҳои низомӣ ва Агентии таъминоти амволи махсус иштирок доштанд.
Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастоварду камбудиҳо дар ин самт ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки шароити пуртазоди замони муосир тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳолати доимии омодагии ҷангӣ қарор дошта бошанд. Аз ҳамин сабаб таъминоти сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти ҳозиразамон, сарулибос, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводу маҳсулот аҳамияти хосса касб мекунад.
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИНТИХОБОТ04 03 2020 Субҳи 1 - уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии № 15, ҳавзаи интихоботии № 2 - и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. АЗ МУҲАББАТ ТО МАСЪУЛИЯТ09 08 2019 Сатҳи зиндагии мо вобаста ба андешаю рафтори худи мост. Табиист, ки саодати пайваста ва неъматҳои фаровон ҳамеша насиби кас намегарданд. Дар шебу фарози зиндагӣ ҳамеша дар шитобем. Шитобкорӣ сабаб мешавад, ки зиштиҳоро нек пиндорему хубиву накукориҳои ақлу хирадро нодида гузарем. Ифрот бо ҳама боду ҳавои назарфиребаш қалбу рӯҳ ва дидаи ақлу ҳуши моро кӯр мекунад. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев07.07.2018
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер20.06.2018
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар қатори созмонҳои фаъолтарини ҷаҳон дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, саҳми арзанда мегузорад. Аз дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд. ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ03 10 2018 Имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони истиқлолият, чун дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ низ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шаванд. Зеро дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ин замина, мақому нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму инноватсия ва дастовардҳо дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Дастовардҳои соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани таҳаввулот дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон, боиси тағйир ёфтани муносибати одамон ба арзишҳо, инчунин, сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад. |