НАТИҶАИ 11 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
11.04.2018
Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ беш аз 11 рӯз сипари гардид. Ва дар ин муддат иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ 38 фоизро ташкил медиҳад.
Аз аввали моҳи апрели соли равон чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат муташакилона ва дар сатҳи зарури ҷараён дорад. Ва дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат ВМКБ аз ҳама пешсаф буда, алакай дар нахустин рӯзҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияи Мурғоб аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои нақша гузориш дод. Дар ин замина инҷунин ноҳияи Дарвоз низ дар арафаи анҷом бахшидани нақшаи даъват қарор дошта, масъулини комиссияҳои даъвати дар ВМКБ иҷрои ӯҳдадории ба онҳо пешбинишударо то ин дам ба 49 фоиз баробар намудаанд.
ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД12 11 2018 8 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд. ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ13 08 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо»), БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ09 04 2020 6 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАШАККУЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН30 06 2020 Дар таърихи давлату давлатдории худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро сипарӣ менамояд, ки дар он ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо роҷеъ ба масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва ҳамбастагии байни воҳидҳои маъмурӣ на ҳама вақт муяссар мешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ фурӯ барад, ки шаҳрвандонаш барои дарки воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он чанд муддат бечораву оҷиз мемонанд. Гоҳо андешидани чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст ҳам пешгирии оқибатҳои нохушоянди ин равандро дар консепсияи фалсафию ирфонии «муборизаи ба ҳам зидҳо» номумкин мегардонад.
Тавре ки маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар муҳити ягонаи рушди мардумони форснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тӯли ҳазорсолаҳо дар сохторҳои гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд. Кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди устувори сулолавӣ машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Андарзи Манучеҳр чунин гуфтаҳо дорад: «Пешинагон рафтанду ҷаҳон ба мо даст боздоштанд ва моро чора нест ҷуз аз паси эшон рафтан. Ва эшон моро чунонанд, чун бехи дарахт мар дарахтро ва мо эшонро чун шохи дарахт». Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат ниҳод: роҳбарӣ, сипоҳ, раият ва мӯбади мӯбадон ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдории мулк муқаррар кард. Ин тарзи ҷобаҷогузорӣ ва табақабандӣ дар фарҳанги эронитаборон, ба истилоҳи коршиноси масоили таърих ва назарияи миллат Эрик Ҷон Ҳобсбаум «ихтирои анъанаҳо» (the invention of tradition)-ро ба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки дар марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону форснажодон дар матни платформаи фарҳангсолории «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Барои пойдории ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих, қудсияти забон ва рушди устувори сулолавӣ. Дар давраи рушди тоисломии фарҳанги ниёгони мо низоми табақавии муносибат то андозае садди роҳи рушди истеъдодҳо дар ҷомеа мегардид, зеро омӯхтани илм танҳо ба мӯбади мӯбадон – меҳтари ҳамаи уламову ҳукамо ва атрофиёнаш мансуб буд ва ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун маҳдудиятҳо дошт. Аз ин ҷиҳат дину фарҳанги исломӣ бартарияти бештар нишон дод.
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ16 08 2018 Оини дӯстёбиву дӯстнавозӣ ва фарҳанги ҳамсоядории тоҷикон решаи қадима дорад ва ситоиши ин расму таомули аҷдодӣ асрҳои аср осори бузургтарин суханварони моро оро дода, чун васият ё панди гаронбаҳо ба гӯш мерасанд. Овози нарму пурҳиссиёти Одамушшуаро устод Рӯдакист, ки қарнҳо аз дил ба дил нақш мегузорад: Ҳар ду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас. |
- ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ
- МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
- МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ
- Иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
- Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон