ИСЛОМИ СИЁСӢ ДАР МАЙДОНИ БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ. Ҳушдори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои нопоки ҳизби наҳзат ва ҳадафҳои пасипардагии сармоягузоронаш
11.07.2018
«Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст», — гуфта мешавад дар изҳороти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ҷониби хадамоти матбуотии ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» расид. Дар зер матни ин изҳорот пурра оварда мешавад.
Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Сӯйистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайсивасила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ ва марзи дунёмадорӣ (секуляризм) низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯӣ созмон меёбанд ва сохтори сиёсӣ ва давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи кор ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитики минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо амалӣ мегардад.
ВАТАНБИЗНЕС ё чаро падари Кабирӣ Тарас Булба нашуд?29.06.2018Дар ҳар давру замон ба хоину хиёнаткор ҳам дӯст нафрат дораду ҳам душман. Дар маводи мазкур сухан дар бораи хиёнати аз ҳама бузург ва нобахшиданӣ - хиёнат ба Ватан-Модар меравад. Пеш аз оне, ки дар робита ба ин мавзуъ ҳарфе гуфта бошем, зарур аст, ба мафҳумҳое чун Ватан ва хиёнат тасаввуроти аниқ пайдо намоем.
ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОН21.06.2018
ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ ВА ВАТАН НАДОРАД21.06.2018
Ибораи терроризмро борҳо шунидаем, ҳатто дар бораи ин падидаи номатлуб ҳамчун вабои асри 21 мақолаҳо мутоила намудаем. Аммо ба ин нигоҳ накарда зарурияти мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби аср аҳамияти худро гум накардааст. ТААССУБИ ДИНИРО РӮШНОИИ ЗИЁӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД13.06.2018 Дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда дучор омадам: ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ
Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат «Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад». Эмомалӣ РАҲМОН Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бори дигар собит шуд, ки ҷониби Тоҷикистон доир ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дорад. Президенти кишвар пайваста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳон чораҳои муассир андешанд. Тавре Пешвои миллат дар конфронси байналмилалӣ иброз дошт, Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. |
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- НАТИҶАИ 11 РӮЗИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
- ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД
- ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ИЛҲОМ АЛИЕВ
- БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ