Home:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today50
Week216
This month7496
Only296477
Video

Forum

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИЛМ

03 10 2018

Имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони истиқлолият, чун дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ низ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шаванд. Зеро дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтааст.  Дар ин замина, мақому нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму инноватсия ва дастовардҳо дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Дастовардҳои соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани таҳаввулот дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон, боиси тағйир ёфтани муносибати одамон ба арзишҳо, инчунин, сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад.
Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фарогир инъикос ёфта, таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ баҳри ҳалли масоили марбутаи ин соҳаи ҳаётан муҳим ҷалб карда мешавад. 
Бояд зикр намуд, ки дар паёмҳои се соли охири Президенти мамлакат паҳлуҳои мухталифи масоили илм хеле амиқу дақиқ ва аз нигоҳи танқидӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо дастурҳои мушаххас ироа гардиданд. Зимни суханрониҳо масоили муҳими марбут ба соҳаи илм, аз ҷумла рушди илмҳои бунёдӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои дақиқ ва эксперименталӣ, ба сиёсати имрӯза мувофиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва такмили неруи зеҳнӣ, самаранокии маблағгузории соҳаи илм, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат сафарбар намудани неруи илмии олимон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар маҷмӯъ барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хеле муҳим ва зарур маҳсуб мешаванд. Таҳлилҳо ва арзёбиҳои хеле возеҳу амиқи масоили номбурда бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт ҷиҳати аз ҳолати карахтӣ ва фаъолияти камсамар раҳо ёфтани муассисаҳои илмӣ мусоидат намуда, ба оғози марҳилаи нави рушди илм дар ҷумҳурӣ замина  хоҳад гузошт.

муфассал

 

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

16 08 2018

Оини дӯстёбиву дӯстнавозӣ ва фарҳанги ҳамсоядории тоҷикон решаи қадима дорад ва ситоиши ин расму таомули аҷдодӣ асрҳои аср осори бузургтарин суханварони моро оро дода, чун васият ё панди гаронбаҳо ба гӯш мерасанд. Овози нарму пурҳиссиёти Одамушшуаро устод Рӯдакист, ки қарнҳо аз дил ба дил нақш мегузорад:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Андешаи шайхи оламдидаву одамозмуда – Саъдии Шерозӣ дар ин мавзӯъ чунин аст: “Дили дӯстон озурдан муроди душманон баровардан аст”.
Ҳушдор ва таъкиди лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ асрҳо боз на танҳо ба мардуми мо, балки ба оламиён фалсафа, ҳадафи зиндагии одамизодаро мефаҳмонад:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ва ё:
Дар замири мо намегунҷад ба ғайр аз дӯст кас,

Ҳар ду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.
Мавзӯи гиромидошти дӯст ва тарғиби дӯстии халқҳову таҳкими он дар замон ва марҳилаҳои гуногуни таърихӣ барои нарму гуворо шудани ҳаёти мардум, ҳамзистии осоишта дар ашъори шоирони башардӯст бо рангу бори тоза ҷило дода. Ва ин падида садоқати аҳли хираду сухани тоҷикро ба панди ниёкони соҳибномашон нишон медиҳад. Яъне, пайгирӣ ва идомаи мантиқии оини дӯстёбиву дӯстнавозӣ дар марҳилаҳои дигари сиёсиву иҷтимоӣ. Сарояндаи сулҳу дӯстии халқҳо устод Мирзо Турсунзода басо содаву оммафаҳм ба ҳамзамонон ва наслҳои оянда таъкид кард:

муфассал

 

МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

01 10 2018

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. 
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки аз рӯи таҳлилҳо солҳои охир истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар он саҳми соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

муфассал

 

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

30 08 2018

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро ба муносибати фарорасии Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо ба шарофати ваҳдату сарҷамъии халқи тоҷик ҳар як хиштро барои бунёди ин давлат бо дастони худ гузоштаем. Ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва наслҳои ояндаи халқамон мебошад. 
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳама гуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадрдонӣ мебошад.

муфассал

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

07.07.2018

2086 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

муфассал

 

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

20.06.2018

17620 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар қатори созмонҳои фаъолтарини ҷаҳон дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, саҳми арзанда мегузорад.

Аз дастгирии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

муфассал

 

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 Next > End >>

Page 8 of 9

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

Trading platform