ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

11 02 2020

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ номида шудааст ва ин моҳиятан онро ифода мекунад, ки  сиёсати  давлатӣ, асосан,  ба  беҳбуди шароити зиндагии ҳар як шахс равона  шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ низ таъкид шудааст, ки « …мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи Парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Иҷтимоиёт ҷузъи таркибии иқтисод буда, натиҷа ва ҳадафи ниҳоии он дар ташкил ва таъмини дараҷаи ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва  қонеъгардонии ниёзҳои шахс ифода меёбад. Дар солҳои охир рушд  додани самтҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, бақияи пасандозҳо, дарозумрӣ   ва  коҳиши фавти  шаҳрвандон  мусоидат намуд. Дар умум, тавре дар Паём омадааст: «Рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард расидааст».
Воқеан, бо афзоиш додани маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии кишвар, бо вусъати гардиши савдо ва хизматрасониҳо дар бахши хусусӣ, бо истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  ба 87,4 миллиард сомонӣ расонда  мешавад. Талаботи дунёи муосир, яъне ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва дар асоси он қабул ва амалӣ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2025, вазифаи  наздиктарини ҷомеаи мо хоҳад гашт.

муфассал

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», бандҳои 2 ва 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад:

Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа:

- мутахассиси пешбари шуъбаи умумии ДВМ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии ДВМ;

- сармутахассиси зершуъбаи компютерии ДВМ;

- сармутахассиси зершуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Раёсати молия ва буҷет;

- мутахассиси Хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- мутахассиси Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- мутахассиси пешбари рӯзномаи «Ҳомии Ватан»;

- сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ;

- сармутахассис клуби марказии варзишии артиш;

- сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ.

муфассал

 

Худдорӣ аз падидаҳои номатлуб

21 10 2019

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд. 

муфассал

 

Зуҳуроти ифротгароӣ ва пайомади манфии он

11 10 2019

hqdefault

Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд ш

Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.уда истодаанд, ки ширкати онҳо дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароидошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

муфассал

 

<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Дигар > Охирин >>

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...