Сутуни истиқлол
14 02 2019
Саҳми Пешвои миллат дар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
23-юми феврали соли 2019, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки ин давр бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад.Даври асосӣ, ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Ҷамъомад бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорат14 01 2019Дар доираи ҷамбасти даври дуюми омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳафтаи равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ВМ ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид.
Масъулини машғулиятҳо аз омодагии иштирокчиёни он гузориш доданд. Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоиӣ ҷараён гирифт. Роҳбарияи Вазорати мудофиаи кишвар қабл аз оғози машғулияҳои таълимӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳои Олии ҚМ дар самти баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, ҳадафу моҳият ва ташкилу баргузории ҷамъомади мазкур изҳори назар намуда, аз иширокчиёни он масъулияти баландро дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзуоти ба машғулиятҳо пешбини гардида талаб намуд. Ҳамин тариқ иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ-методӣ вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба омӯзиши барномаҳои дарсӣ шурӯъ намуданд. Дар дохили қисмҳои низомӣ нуқтаҳои гуногуни муҷаҳази таълимӣ бунёд шуда буд, ки ба ҳар дарс роҳбарони машғулиятҳо таин гардида буданд. Омодагиҳои Вазорати мудофиа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон14 01 2019
Ҳамзамон муовини вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Латифзода Асрор Қурбон илова намуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҷлили ин ҷашни воқеанҳам таърихӣ, омодагиҳо ҷиҳати гузаронидани Паради ҳарбӣ, чорабиниҳои тантанавӣ, озмӯни “Суруди Сарбоз”, таҳияи филмҳои мустанад, нашри рӯзномаҳои ҷашнӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, сохтумону азнавсозии бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, оро додани мӯҳити қисмҳои низомӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои мӯҳим зери назорати қатъӣ қарор дошта, дар сатҳи зарурӣ ташкилу бароҳ монда мешавад. ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ14 01 2019 28 декабри соли рафтаро ятимон ва кормандони мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе рӯзи хотирмону фаромӯшношуданӣ меҳисобанд. Дар ин санаи фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассиса ташриф оварданд ва аз шароити зисту таълими хонандагон ва кормандон дидан карданд. |