Сафари расмии вазири мудофиа ба Ҷумҳурии Исломи Покистон
09 04 2019
Доир ба сафари расмии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Покистон Дар заминаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ субҳи 9-уми апрели соли равон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломиии Покистон сафар намуд.
Зимни сафар дар назар аст, ки бо роҳбарияти сиёсӣ ва ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин кишвар вохӯрӣ ва мулоқотҳоли судманд ташкилу баргузор гардад.Дар ҷараёни вохӯриҳо дар назар аст, ки масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар замири ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад. Ҳамзамон дар назар аст, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳарбӣ баҳри рӯшду нӯмуи Артишҳои ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Инчунин мулоқотиҳои судманд, ташакул ва густариш додани муносибатҳои мухталифи низомиро дарбар хоҳад гирифт.
ПРОКУРАТУРА ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ҶОМЕА18 03 2019
Мақомоти прокуратура чун дигар сохторҳои давлатӣ дар замони истиқлолият таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронда, ба мақомоти мустақили созгор ба принсипҳои демократии давлатдорӣ табдил ёфт. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқ карда шуданд. Ташаккул ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро, маҳз дар ҳамин давраи барои миллати куҳанбунёди мо тақдирсоз мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистон таъмин гашта, имкон фароҳам омад, ки вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд. ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ11 03 2019 5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз шинос шуданд. Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳияи нақшаву чорабиниҳо, масъалаи ободонӣ ва таъмини шароити созгори зиндагӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти хосса медиҳанд. ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ҲАМКОРИҲО ДАР РОҲИ РУШДАНД11 03 2019 Барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат дар қатори омилҳои дигар таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шарти асосӣ ба шумор меравад, зеро бе рушди ҳамкорӣ пешравии бахшҳои дигар мушкил аст. Сиёсати «дарҳои кушода» яке аз нахустин иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалии Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошта, ба рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳу тараққипарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондааст. СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ АРТИШ18 02 2019
АРТИШИ МИЛЛӢ АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ!18 02 2019
Баҳри ноил гаштан, ба ташкили кишвари соҳибистиқлол санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Дар ин ҷода бо ҳидояту талош ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 50 давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омадасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. |