ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

14 01 2019

28 декабри соли рафтаро ятимон ва кормандони мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе рӯзи хотирмону фаромӯшношуданӣ меҳисобанд. Дар ин санаи фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассиса ташриф оварданд ва аз шароити зисту таълими хонандагон ва кормандон дидан карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки ба ин таълимгоҳ ташриф меоранд ва бо шароити зисту таълими ятимону кормандон ошно мешаванд. Ба ҳар бори омаданашон таълимгирандагонро шодиву фараҳ фаро мегирад. Онҳо хуб дарёфтаанду медонанд, ки қудуми Пешвои миллат муборак буда, аз аҳволу таълимашон самимона пурсон мешаванду ҳамроҳашон гарму ҷӯшон суҳбат меороянд.
Дар ду соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муассисаро бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютер, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, ба хотири ҷалби наврасон ба варзиш ва  рушди ин соҳа ду майдончаи варзиш, як толори варзиш ва ду толори маҷлисгоҳ бунёд кард. Таълимгирандагон имкони беҳтари омӯхтани технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷиро доранд.
Ҳамин тавр, ин муассисаи таълимӣ дорои ҳамаи шароитҳои зарурист. Дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон ҷой доранд. Аз озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толори фарҳанг ба таври васеъ истифода мебаранд. Мактаб - интернат бо системаи гармидиҳӣ низ таъмин аст.

муфассал

 

ПЕШВО ВА РӮҲИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛАТ

08 01 2019

Башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳо шахсиятҳое таваллуд ёфтанд, ки ба дили мардум равшаниву гармӣ бахшида, раҳнамову раҳкушои инсонҳо шуданд.

Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шудан соҳиби Пешвою қаҳрамони воқеӣ гардид ва ниҳоят орзую ормонашон воқеият ёфту ба мақсад расиданд. Тоҷикон аз баракати суханҳои пурэъҷози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфтанд, ки яке аз ин зулмот фазои торике буд, ки рӯи самои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифта, роҳи моро барои пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин банд мекард. Пешвои мо бо баромад аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ пардаи ин зулмотро дарида, чашми оламиёнро ба сӯи ояндаи равшани кишварамон кушоданд ва тасаввури мардуми оламро нисбат ба миллати тамаддунофари тоҷик ба таври мусбат тағйир доданд.
Дар ин раванд Сарвари давлат ҳамеша дар талоши равшанию гармии хонадони ҳар яки мо буданд. Вақте Пешвои муаззами тоҷикон дар бораи сохтмони НБО «Роғун» ҳарф заданд, миллати тоҷик, ки иродаи матину устувори Пешвои худро медонист, ин воқеиятро бе дудилагӣ пазируфт.

муфассал

 

ЧЕҲРАИ ТОБОНИ ТАЪРИХ

29 12 2018

- Барои ман мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кору фаъолият кардаам. Дар замоне ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард: "Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем".
Ин ҳарфҳои самимиро, ки ба қалами Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, мансубанд, дар китоби рӯимизии «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» мехонем, ки шахсияти тобноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тасвир месозанд.
Воқеан, зуҳури шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ иқболи баланди мардуми тоҷик буд, ки дар як даврони пурошӯб иттифоқ афтода, давлати миллиро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид. Ин шахсияти баркамолу тобноки таърих иттиҳоду ҳамбастагиро истеҳком бахшид, ҳувият ва ваҳдати миллиро эҳё кард, ифтихори миллиро дар замири мардум бедор намуд, халқро ба созандагӣ раҳнамун сохт, саодати зиндагии ҳар хонадонро таъмин ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳон муаррифӣ кард.
Ин буд, ки Президенти вақти Фаронса Жак Ширак мисли дигар сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бо фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард».

муфассал

 

Ташаббуси вазири мудофиа

25 11 2018

Дар асоси иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољистон мўњтарам Эмомалї Рањмон оид ба омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, бо маќсади бењтар гардонидани зиндагонии ањолии дењот сохтумон ва ба истифода додани иншоотњои иљтимої бо маром идома дорад. Ба ин маќсад дар яке аз дењањои дурдасти ноњияи Балљувон дењаи Дошмандии љамоати Сари-Хосор бинои нави Маркази саломатї бунёд гардид.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сўлњу Вањдати миллї, Пешвои миллат мўњарам Эмомали Рањмон љињати дар сатњи зарурї љашн гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз љониби роњбарон ва шањрвандони кишвар бо иќдомњои созандаи ободкории худ сањми босазои хешро мегузоранд.Инаст, ки дар арафаи љашни Рўзи Парчами миллии ЉТ аз љониби вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Ш.Мирзо дар аке аз дењањои дурдасти ноњияи Балљувон дењаи Дошмандии љамоати Сари-Хосор бинои нави Маркази саломатї бунёд гардид.

муфассал

 

ПАРЧАМ ШУКӮҲИ ОЗОДИИ МОСТ!

22 11 2018

Парчами миллии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст.
Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст;
Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофарин ва башардӯсти мост;
Парчаме, ки баланд аст ва сари моро ҳамеша баланд медорад;
Парчаме, ки ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ  мебахшад;
Парчаме, ки ёдҳои мозӣ, таърихи миллати хуҷастахисолро дар худ ҷилвагар медорад;
Парчаме, ки аз пешбанди чармини Коваи оҳангар бунёд ёфта, раҳнамои мардум дар роҳи дарёфти  адлу инсоф гардидааст;
Парчаме, ки  Фаридуни фаррухпай бар алайҳи Заҳҳоки морон онро раҳнамои пирӯзиҳо гардондааст, яъне парчами некӣ бар муқобили бадӣ, парчами нишот бар муқобили ғаму андуҳ, парчами озодагон бар муқобили зулму истибдод, парчаме, ки шараф ва нангу ори ориёнро бардоштааст;
Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад;
Мо бисёрем, аммо парчами мо бо ҳама нусхаҳо яктост ва моро дар гирдогирди худ ҷамъ меорад, ба ягонагӣ дар канори худ мехонад. Дар ин парчам шараф ва нангу номус ва ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти  мо ҷилвагар аст;

муфассал

 

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РӮЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

13 11 2018

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳамасола 16 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз 20-уми июли соли 1994, таҳти № 974 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда буд. Моҳҳои апрел ва июни соли 1994 баррасии умумихалқӣ оид ба лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузаронда шуда, дар рафти он лоиҳаи Конститутсия мавриди дастгирии васеи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт, ки ин зарурати ҳар чи зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат ба вуҷуд овард ва дар кӯтоҳтарин вақт бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо намуд.
Шакли идораи президентӣ ва таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни баррасии он маъқул дониста шуд ва ин имкон дод, ки барои тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ҷоннок карда шавад. Аз ин рӯ, 21-уми июли соли 1994, таҳти № 1042 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он принсипҳои гузарондани интихобот, таъйин, ташкил ва ҷамъбасти интихобот, инчунин, дигар масъалаҳои вобаста ба онро танзим намуд.

муфассал

 

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 5 of 11