Дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд
09 07 2019
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи мамлакат 5-6 июл дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод.
Тибқи иттилои сарчашма, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорию ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, баргузории ҷамъомади таълимӣ-методӣ ва дигар масъалаҳои амниятиро, ки дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг муайян ва танзим мешаванд, бисёр муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА МУҚАДДАС03 07 2019 Роҳ ба сӯи сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт - яке Конститутсия, дигаре иродаи устувори сулҳхоҳонаи халқи Тоҷикистон. Барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. 27 июни соли 1997 ба шарофати хиради азалии тоҷикон дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ҳамин тавр, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон 17 июни соли 2002 чунин гуфта буданд: “ 27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузарондаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад”. ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНӢ03 07 2019 Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 равишҳои ноҳамвору бесубот кишварро рӯз ба рӯз ба самти норавшану гирдоби ноором наздиктар менамуд. Вазъият то ҷое расид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуда, бар асари он беш аз 150 ҳазор нафар қурбон ва наздик ба як миллион нафар гуреза шуданд. ДОНАЛД ТУСК: "ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ МИНТАҚА ВА ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛӢ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД"18 06 2019 Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, ки 29 - 30 май дар раъси як ҳайати баландпоя бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ натиҷаҳои сафараш ба кишвари моро мусбат арзёбӣ кард. Ин меҳмони олимақом баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон бо қаноатмандии зиёд аз раванди тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ситоиш кард. Ӯ гуфт: «Сафари ман ба кишвари шумо дар ҳоле иттифоқ афтод, ки чанде қабл Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Бо ин сафар, боздиди нахустини президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон анҷом шуд. Яъне, ман аввалин шахсе ҳастам, ки дар ин мақом ба кишвари шумо омадам. Ин баёнгари он аст, ки мо сидқан ҷонибдори таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем. Дар Иттиҳоди Аврупо ба нақш ва мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавӣ эҳтиром мегузоранд». |
- САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ НИЗОМИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
- МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАР ВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР
- МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ
- Сафари расмии вазири мудофиа ба Ҷумҳурии Исломи Покистон
- ПРОКУРАТУРА ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ҶОМЕА
- ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
- ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ҲАМКОРИҲО ДАР РОҲИ РУШДАНД