ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26 09 2019
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати
муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР СУҒД26 09 2019Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 дар вилояти Суғд ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои амалиётӣ-стратегӣ баргузор гардид.
ҲАМОИШ БА ХОТИРИ МАЪРАКАИ МУҲИМ26 09 2019
Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат-Раиси Комиссияи даъватии ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, масъулини вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои қудратии дахлдор, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат доштанд. ДАВЛАТДОРИЕ, КИ ПРИНСИПҲОИ АСОСИАШ ИЛМ, ХИРАДСОЛОРӢ ВА ТАКЯ БАР ТАҶРИБА АСТ17 09 2019 Ҳарчанд баъди ҳаводиси пурталотуми шикасти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ кулли кишварҳои аъзои он якояк истиқлолият ба даст оварда, роҳи тараққиёташонро мустақиман мушаххас намуданд, аммо сарнавишти Тоҷикистон комилан дигаргуна сурат гирифт. Марҳилаи аввали даврони истиқлол фоҷиа дошт: фоҷиаи табдил шудан ба эпитсентри бархӯрди манофеи абарқудратҳои минтақа. |
- Дарунмояи андешаи миллӣ
- Дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд
- ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА МУҚАДДАС
- ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНӢ
- ДОНАЛД ТУСК: "ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ МИНТАҚА ВА ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛӢ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД"
- ИНСОНДӮСТӢ Ё ИҚДОМИ БЕНАЗИРЕ, КИ МАВРИДИ СИТОИШУ ПАЙРАВӢ ШУД
- ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН