ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26 09 2019
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати
муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР СУҒД26 09 2019Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2019 дар вилояти Суғд ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои амалиётӣ-стратегӣ баргузор гардид.
ҲАМОИШ БА ХОТИРИ МАЪРАКАИ МУҲИМ26 09 2019
Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат-Раиси Комиссияи даъватии ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, масъулини вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои қудратии дахлдор, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат доштанд. ДАВЛАТДОРИЕ, КИ ПРИНСИПҲОИ АСОСИАШ ИЛМ, ХИРАДСОЛОРӢ ВА ТАКЯ БАР ТАҶРИБА АСТ17 09 2019 Ҳарчанд баъди ҳаводиси пурталотуми шикасти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ кулли кишварҳои аъзои он якояк истиқлолият ба даст оварда, роҳи тараққиёташонро мустақиман мушаххас намуданд, аммо сарнавишти Тоҷикистон комилан дигаргуна сурат гирифт. Марҳилаи аввали даврони истиқлол фоҷиа дошт: фоҷиаи табдил шудан ба эпитсентри бархӯрди манофеи абарқудратҳои минтақа. ҶАНГ ВА СУЛҲ. АЗ ҚАҲТӢ ТО ФАРОВОНӢ17 09 2019 Ҷанг, харобӣ, тарсу таҳлука, ваҳму изтироб, парешонию сардаргумӣ, гуруснагию талошу такопӯ баҳри дарёфти луқмаи нон... Мо ин ҳама даҳшатро бо чашми сар дидему дар ҷисму ҷони хеш озмудем ва аз байни оташу дуди ҷанг гузашта, ба рӯзҳои нек расидем. Мардумони зиёде қурбон шуданду дар роҳи озодии Ватан ҷон бохтанд. Шакку тардид, нобоварӣ, ноумедию варшикастагӣ панҷа ба торҳои қалбу захм бар ҷигар мезад. Зеҳну мағзҳо хастаю умед ба фардои зиндагӣ дар синаҳо ях баста, оянда тираю дурахшу равшанӣ аслан нопайдо ба чашм мерасид. Замин дар гулхани ҷанг месӯхт. Кишвар зери тасаллути камонбадастон монда, ҳама гуна робитаю алоқа аз марказ бо минтақаҳо қатъ гардида, гуруснагӣ, бемориҳои музир ва маргу мири одамон авҷ мегирифт. Раҳму шафқат аз байн рафтаву тиру камон ҳокими мутлақ ва довари давру замон гардида буд. Нафаси сарди ҷанг ба мактабҳо ҳам расид. Ҷӯшу хурӯши омӯзиш батадриҷ коста гардида, аз бемаошӣ гурӯҳи омӯзгорон мактабро тарк карданд. Яке савдогариро пеш гирифту дигаре мардикориро. Аммо ҷанг ҳамоно давом меёфт. «ИТТИҲОДИ ҶАНГӢ -2019»17 09 2019Чанде пеш дар машқгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Федератсияи Россия даври ниҳоии машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» ҷамъбаст гардид. Дар машқҳои муштарак роҳбарону намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳҳои фаврӣ, дастаҳои муҳорибавӣ ва беш аз чор ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ширкат намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» афсарони ботаҷриба, дастаҳои ҷангӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Белорусия, Армения, Қазоқистон ва бори нахуст Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд. |