Ковид-19
04 05 2020
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Э.Раҳмон дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бомақсади пешгирӣ ва сироят наёфтан аз бемории карона вирус ё худ Ковид -19 ва тадбирҳои безараргардонии кучаву хиёбонҳо масъулини Вазорати мудофиаи кишвар низ чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва сироят наёфтан аз бемории сироятии нави коронавирус яъне Ковид-19 ҳама тадбирҳои заруриро роҳандзоӣ менамоянд. Аз ҷумла дар доираи фаъолияти Ситоди Вазорати Мудофиа оид ба пешгирии сироятии Каронавирус аз Дастгоҳи марказиву Ситоди генераӣ шурӯъ гардида, дар ҳудуди ҳама қисмҳои низомии навъҳои қӯшун ва ҳатто машгоҳҳои дурдасттарин чорабиниҳои санитариву гигинӣ дар ҳама бинову иншооти аҳамияти ҳарби дошта пурзур гардонида мешаванд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард астПаёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 21 феврали соли 202023 02 2020 Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан! Сутуни истиқлол23 02 2020НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 23-юми феврали соли 2020, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад.
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АРТИШИ МИЛЛӢ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. |
- Зуҳуроти ифротгароӣ ва пайомади манфии он
- СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО
- ТОҶИКИСТОН ВА НОДИРТАРИН ТАҶРИБАИ РАСИДАН БА СУЛҲ
- "РОҒУН" ВА АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ ОН БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
- ДУРӮҒПАРОКАНИИ ИФРОТИҲО Ё АЗ АНҶУМАНҲОИ ВАСВАСАВӢ ТО ҲУВИЯТСИТЕЗИИ НАҲЗАТИҲО
- ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР СУҒД