Home:
Tajik (CIS)Russian (CIS)English (United Kingdom)
VOTE
Аз кадом хизматрасонии сомонаи расмии Вазорати мудофиа қаноатмандед?
 
Statistics
Today421
Week3430
This month13645
Only352467
Video

Forum

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард аст

23 02 2020

ДУШАНБЕ,  23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз соли 1993 то имрӯз,  ҳамасола 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Инак 27 сол аст, ки миллати тоҷик ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт ва имрӯз он яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қуввҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад.

Тавре сарбози қатории қисми ҳарбии 6593 Муҳаммад  Ибодов  зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд,  ҳоло шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб буда, сарбозон бо хӯрок  ва сару либоси гарм таъмин мебошанд.

«Бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст. Ман 1 апрели соли 2019  бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омада, муддати 11 моҳ аст, ки  дар ин ҷо хизмат менамоям.  Ҳоло ман хурсанд аз онам, ки сарбаландона хизмати Ватанро иҷро намуда истодаам.  Аз ин иқдоми пешгирифтаи ман падару модарам низ розӣ буда, ифтихор доранд. Тавре маълум аст, ба наздикӣ маъракаи даъвати наваскарон оғоз мешавад. Аз ин рӯ  ба  ҷавонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо даъват менамоям, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накарда, ба ҳифзи Ватан омода бошанд ва дар тинҷиву оромии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд»,- гуфт Муҳаммад  Ибодов.

муфассал

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 21 феврали соли 2020

23 02 2020

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу менамоям.
Бисту ҳафт сол қабл – замоне ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Яъне, давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт. Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд. Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор карданд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд.

муфассал

 

Сутуни истиқлол

23 02 2020

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23-юми феврали соли 2020, аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад.

Баъди пош хӯрдани Итти-ҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, даври ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки ин давр бомуваффақият анҷом ёфт. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқа-дам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд.

муфассал

 

ПАЁМ. МО БОЯД САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

11 02 2020

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ номида шудааст ва ин моҳиятан онро ифода мекунад, ки  сиёсати  давлатӣ, асосан,  ба  беҳбуди шароити зиндагии ҳар як шахс равона  шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ низ таъкид шудааст, ки « …мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи Парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад».
Иҷтимоиёт ҷузъи таркибии иқтисод буда, натиҷа ва ҳадафи ниҳоии он дар ташкил ва таъмини дараҷаи ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, бехатарӣ ва  қонеъгардонии ниёзҳои шахс ифода меёбад. Дар солҳои охир рушд  додани самтҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, бақияи пасандозҳо, дарозумрӣ   ва  коҳиши фавти  шаҳрвандон  мусоидат намуд. Дар умум, тавре дар Паём омадааст: «Рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард расидааст».
Воқеан, бо афзоиш додани маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии кишвар, бо вусъати гардиши савдо ва хизматрасониҳо дар бахши хусусӣ, бо истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020  ба 87,4 миллиард сомонӣ расонда  мешавад. Талаботи дунёи муосир, яъне ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва дар асоси он қабул ва амалӣ намудани барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2025, вазифаи  наздиктарини ҷомеаи мо хоҳад гашт.

муфассал

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», бандҳои 2 ва 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад:

Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа:

- мутахассиси пешбари шуъбаи умумии ДВМ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи тарҷумонии ДВМ;

- сармутахассиси зершуъбаи компютерии ДВМ;

- сармутахассиси зершуъбаи меҳнат ва музди меҳнати Раёсати молия ва буҷет;

- мутахассиси Хадамоти метрологии Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳ;

- мутахассиси пешбари Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- мутахассиси Гурӯҳи телевизионии Маркази иттилоотӣ ва фароғатӣ;

- мутахассиси пешбари рӯзномаи «Ҳомии Ватан»;

- сармутахассиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати сохтмони асосӣ;

- сармутахассис клуби марказии варзишии артиш;

- сармутахассиси шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи назорати техникӣ ва таъминоти моддии Раёсати истифодабарии манзилӣ;

- мутахассиси пешбари зершуъбаи заминсозии Раёсати истифодабарии манзилӣ.

муфассал

 

Худдорӣ аз падидаҳои номатлуб

21 10 2019

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд. 

муфассал

 

<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 1 of 14

Subscribe to us!

EMOMALI RAHMON

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

...Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад...

Minister of Defense
of the Republic of Tajikistan

Colonel-General Sherali Mirzo
Sport

The newspaper "Defender of the Fatherland"

ДАР ИН ШУМОРА:

1. НАВРӮЗ МЕРАСАД БОЗ…

2. САЙРИ ТАЪРИХИИ НАВРӮЗ

3. МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ

4. САЛОМИ ҲАРБӢ КАЙ ПАЙДО ШУД?

5. НАМУНАИ ИБРАТ

6. КАК ПРАВИЛЬНО ВЕСТИ СЕБЯ ОФИЦЕРУ В АРМИИ

7. САБЗКОРИҲОИ НИЗОМИЁН

8. ПИРӮЗИИ НЕКРӮЗ